МУЛОҚОТИ ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ БО КУРБОНГУЛӢ БЕРДИМУҲАММАДОВ
Душанбе, 18 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 18 март дар Душанбе баррасӣ гардид. Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон доир ба раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ибрози назар карда, афзуд ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд, шаффофу демократӣ ҷараён гирифт. Мавсуф шомил гардидани намояндагони 5 ҳизби сиёсиро ба парлумони касбии мамлакат нишонаи таҳкими раванди демократия дар Тоҷикистон арзёбӣ кард. Инчунин, Ш. Зуҳуров густариши муносибатҳои гуногунсоҳаро байни ду кишвари дӯст ва бародар муҳим маънидод кард. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Шукурҷон Зуҳуровро ба муносибати интихоб гардиданаш ба мансаби Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон табрик намуд ва изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду кишвар ба марҳилаи нав ворид хоҳад гашт. Президенти Туркманистон соҳиби обрӯ ва нуфузи баланд шудани Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ натиҷа ва самараи талошҳои бесобиқаи парлумони ин кишвар арзёбӣ кард ва иброз дошт, ки бешубҳа дар ин самт саҳми вакилони ин мақоми олии қонунгузори Тоҷикистон муҳим аст.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






