РОБИЯИ БАЛХӢ ВА ҶОЙГОҲИ Ў ДАР ШЕЪРУ АДАБИ ПОРСӢ

Март 30, 2010 14:38

Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-31 марти соли равон Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол» дар толори вазорати фарҳанг конфронси илмӣ-байналмилалиро бо номи «Робияи Балхӣ ва ҷойгоҳи ў дар  шеъру адаби порсӣ» баргузор  менамояд. Дар он  шоирону нависандагон  ва устодону коршиносон аз Ҷумҳуриҳои исломии Афғонистону Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок  менамоянд.                         Дар  конфронс мутахассисон дар мавзӯҳои «Робияи Адвия ва Робияи Балхӣ»,  «Робияи Балхӣ ва ишқи шўрангези ў», «Нумўи пуртуғён ва шикасти нобаҳангом», «Робия шоири ориф ё ошиқ», «Робияи Балхӣ дар Афғонистон»  маърӯзаҳо намуда,  роҷеъ ба  ҳаёту фаъолияти  шоира баҳсу мунозира хоҳанд кард. Ҳамчунин, дар доираи ин чорабинӣ барои иштирокчиён  филме пешкаш карда  мешавад. Конфронс ду рӯз идома ёфта, баъд аз анҷоми он меҳмонон аз муҷтамаи Ёдгориҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод ва Осорхонаи бостоншиносӣ дидан хоҳанд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Март 30, 2010 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад