ТАҚСИМОТИ БАРНОМАИ ТББ-10 БА ДУХТУРОН

Март 12, 2010 13:33

Душанбе, 12  март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). —  Аз тарафи Маркази татбиқи лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ зиёда аз 3135 китобчаҳо оид ба   бемориҳои бештар вохуранда ба забони давлати тарҷума карда шуд.    Тавре аз маркази мазкур иттилоъ доданд, барои  истифодабарии таснифоти байналмиллалии бемориҳо–10, 817 нафар мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят омузонида шудааст.   Инчунин, 5791 адад маълумотномаи хурди таснифоти байналхалқии бемориҳо (МКБ-10)  бо назардошти 11 ихтисоси мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар тамоми муассисаҳои вилояти Хатлон бо таври ройгон тақсим карда шуд.             Санҷиш нишон дод, ки баъди дастрас шудани  китобчаҳо ба шакли маълумотномахои хурди ТББ-10   духтурон ба бемориҳо  рамзгузориро ба  87%  расонданд, то ин вақт бошад, ҳамагӣ 12% рамзгузории бемориҳо қайд шуда буд.  Дар натиҷа,  барои  васеътар ва ба таври пурра чоп намудани ин дастурамал  талабот ба миён омад, ки мутахассисони лоиҳа моҳҳои наздик иҷро хоҳанд кард.  

Март 12, 2010 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд