ҲУКМИ СУД ИҶРО НАМЕШАВАД, ЧАРО?
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз рӯзи содир кардани ҷиноят дар ҳудуди ноҳияи Бохтар аз ҷониби ронандаи мошини сабукрави «Опел» Сӯҳроб Тағоев як сол гузашт. Дар натиҷаи вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ Сӯҳроб Тағоев Фирӯзи ноболиғро пахш карда сахт маҷрӯҳ намуд ва ӯро дар беморхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ намуданд. Прокурори ноҳияи Бохтар нисбати ронанда Сӯҳроб Тағоев бо моддаи 212 қ.2 КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода, баъди тафтишот онро ба суд пешниҳод намуд. Суди ноҳияи Бохтар баъди баррасии парванда, ҷинояткор Сӯҳроб Тағоевро ба мӯҳлати 3 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум ва барои табобати ҷабрдида 5641 сомонию 90 дирам товони зарарро ба фоидаи Абдуҷаббор Тошев (падари ҷабрдида) қарор қабул карда, барои иҷро онро ба иҷрочии суд А.Юнусов супорид. 12 – уми январи соли 2010 иҷрочии суд барои рӯёнидани товони зарар нисбати С. Тағоев ҳабси амвол гузаронд, аммо қарор ноиҷро монд. Саволи матраҳ ин аст, ки барои иҷрои ҳукми суд боз кӣ метавонад мусоидат кунад, ғайр аз суд?








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






