Ҳ.ЗАРИФӢ БА ЧИН РАФТ
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 25 апрел барои боздиди расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафт. Ӯ зимни сафар бо вазири корҳои хориҷии Чин Ян Сзечи мулоқот хоҳад кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳимтарини марбут ба муносибатҳо ва ҳамкории ҳар ду кишвар муҳокима карда мешаванд. Дар фарҷоми мулоқот ҳуҷҷатҳои дуҷониба, аз ҷумла барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин барои солҳои 2010 – 2012 имзо карда хоҳанд шуд. Ҳамчунин мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо муовини раиси Чин Си Сзинпин ба нақша гирифта шудааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин бо роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои соҳаи иқтисодии ин мамлакат мулоқотҳо анҷом медиҳад. Барномаи сафари Ҳ.Зарифӣ мулоқотҳои ӯро бо хонандагони рӯзномаи «Женмин Жибао» ва роҳбарияти Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур дар бар мегирад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






