ҶАВОНОН БО ҲАР РОҲ БА ҶИНОЯТ ФИРЕФТА МЕШАВАНД
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Кормандони гумруки фурӯдгоҳи пойтахти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе як ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадорро ба қайд гирифтанд. Тибқи иттилои корманди дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, 1 апрели соли ҷорӣ ҳангоми ба расмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри Душанбе – Москва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Юнус Солиеви 24 соларо бо ҷурми даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, боздошт намуданд. Ҳангоми санҷиш кормандони гумрук аз дохили бағоҷи дастии ӯ дар қабати дохилии он пинҳонгоҳи махсус сохта шуда, хокаи монанд ба маводи мухадираи героин ҷойгир буд, дарёфт ва мусодира намуданд. Тибқи маълумоти коршиносон вазни холиси маводи дарёфтшуда героин буда вазнаш 969.2 граммро ташкил медод. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ба Прокуратураи нақлиётии ҶТ равона карда шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






