CАФАРИ ГУРУҲИ КОРИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ БА БАДАХШОН

Апрель 14, 2010 11:27

ВМКБ, 14 апрели. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо). — Рӯзи 13-уми моҳи апрел гурӯҳи корӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар Оқил Оқилов вориди Бадахшон гардид. Дар ҳайати гурӯҳ вазири нақлиёт Олимҷон Бобоев, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов,  вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, муовини вазири маориф Ашӯрбек Расулов, муовини вазири корҳои дохилӣ Фарҳодбек Шодмонбеков, раиси Кумитаи радио ва телевизион Асадуллоҳ Раҳмонов ва намояндагони кумитаи гуногун шомиланд. Бегоҳии рӯзи 13-уми апрел Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ва хайати гурӯҳи кори бо ҷараёни корҳо дар иншоотои Раёсати корҳои дихилӣ, прокуратураи вилоятӣ, Кохи Ҷавонон, театри вилоятӣ, телевизион, варзишгоҳ дидан карданд. Тавре аз дастгоҳи раиси ВМКБ иттилоъ доданд, мурод аз ташрифи гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба Бадахшон ин ошно шудан ба омодагии иншоотҳои ҷашнӣ ба рӯзи тантана, расондани имдод дар пешбурди сомони онҳост. Сафари гуруҳи корӣ дар вилоят идома дорад.

Апрель 14, 2010 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад