ЧАНД ШИРКАТ ВОРИДКУНАНДАИ СӮЗИШВОРИСТ 40 Ё 4?

Апрель 16, 2010 11:02

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Омили дар сурати кам гаштани талабот, паст нашудани нарх ва боло рафтани қимати сӯзишвориро коршиносон ба фаъолияти ширкатҳои «олигополистӣ» дар ҶТ медонанд. Ба гуфти коршиносон, ширкатҳое, ки бозори Тоҷикистонро бо сӯзишворӣ таъмин мекунанд аз  5 – то зиёд нестанд. Аз ҷумла, ширкати «Зарубежнефт», «Нури Дилшод», «Тоҷирон», «Умед  — 88» ва «Газпромнефти Тоҷикистон» аз ширкатҳое мебошанд, ки ҷумҳуриро бо сӯзишворӣ таъмин мекунанд. Дар баробари ин, боз 40 ширкати  дигар низ расмӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ба воридоти сӯзишворӣ машғуланд. Агар ҳамаи ин ширкатҳо дар асоси рақобати солим амал мекарданд, ба ҳеҷ ваҷҳ нархи сӯзишворӣ боло намерафт. Ба гуфти коршиносони иқтисодӣ, ҳамаи ин ширкатҳо ба панҷ ашхоси ҳуқуқӣ   тааллуқ доранд ва онҳо нархро дар бозор муайян мекунанд. Онҳое, ки мегӯянд  беқурбшавии сомонӣ дар муқобили доллари амрикоӣ ба боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва дигар маҳсулот сабаб шудааст, ҳақ нестанд, зеро беқурбшавии сомонӣ бо роҳи сунъӣ ба амал омадааст, ва гарна чаро дар давоми 1,5 соли охир арзиши рубли русӣ бо доллари амрикоӣ аз 29 рублу  30 копек  боло нарафтааст. Саволи матраҳ он аст, ки сомонӣ бо чӣ қиёс карда шуд, ки дар давоми як сол (207 -2008) аз 288 ба 438 сомонӣ боло рафт. Магар ин ба фоидаи худи  бонкҳою зарари мардум ҳисоб карда нашудааст? Магар қурби сомонӣ аз рубли русӣ болотар нест?  Дар давоми 4 – 5 соли охир 1рубл баробари 12 — 14 дирами тоҷикӣ боқӣ мондааст, яъне сомонӣ дар муқоиса бо рубли русӣ  ҳамагӣ дар ин муддат  0,2 дирам беқурб шудааст ва воридоти маҳсулот аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон на бо доллар, балки  тавассути рубли русӣ ҳисобӣ  мешавад. Пас сабаби боло рафтани нархҳои молу маҳсулотро дар Тоҷикистон  чист?       

Апрель 16, 2010 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад