ДАР МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН КОМИССИЯИ ЭКОЛОГӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД

Апрель 12, 2010 14:39

Душанбе, 12 аперл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-  Дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 апрел Комиссияи экологӣ таъсис дода шуд. Назар ба иттилои сардори хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов, комиссияи мазкур 15 нафар вакилони Маҷлиси намояндагонро дар худ муттаҳид месозад. Мақсад аз таъсиси комиссияи экологӣ баррасӣ намудани масъалаҳои марбут ба экология — аз ҷумла об, ҳаво, ҳифзи муҳити зист дар сатҳи парлумони кишвар мебошад. Дар назар аст, ки 14 апрел дар ҷараёни баргузории иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум раиси Комиссияи экологӣ интихоб карда мешавад.

Апрель 12, 2010 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад