ДИПЛОМАТИ САУДӢ ДАР ХУҶАНД

Апрель 1, 2010 16:35

Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). –Масоили ба роҳмонии ҳамкории судманди тарафайн дар мавриди рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои муштарак ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда 1 апрел, зимни мулоқоти раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов ва Кордори Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулраҳмон ибни Саид ал-Ҷумъа баррасӣ гардид. С. Мирхолиқов оид ба шаҳри Хуҷанд, ки дар радифи шаҳрҳои қадимтарини дунё яке аз шаҳрҳои соҳибтаъриху соҳибтамаддун маҳсуб мешавад ва имрӯз низ дар даврони истоқлол ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиаш бо суръат ривоҷ меёбанд, иттилоъ дод. Дар навбати худ Абдулраҳмон ибни Саид ал-Ҷумъа ҳусни таваҷҷӯҳи кишварашро ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷумла маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд иброз дошт. Дар дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нимаи дуюми рӯз Кордори Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз осорхонаи таърихӣ,  маҷмааи таърихии «Шайх Маслиҳатдин» ва бозори «Панҷшанбе», ҳамчунин аз Қасри фарҳанги Арбоби хоҷагии ба номи Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан мекунад.

Апрель 1, 2010 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад