ГУЗАШТ БА МАНФИАТИ КОР

Апрель 19, 2010 11:52

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми се моҳи аввали  соли ҷорӣ 59  ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон дидан карданд. Аз ин шумора 44 ҳазор нафар бо мақсадҳои шахсӣ, 6,7 ҳазор бо корҳои хизматӣ, 2,2 ҳазор бо роҳи (мусофир) -и  транзитӣ ва              3 ҳазор ҳамчун сайёҳ аз Тоҷикистон дидан карданд. Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 158 ширкатҳои туристӣ вуҷуд доранд. Дар семоҳаи соли ҷорӣ боз 4 (иҷозатнома) -литсезия барои фаъолияти сайёҳӣ ва туризм дода шудааст. Бино ба гуфти муовини раиси Кумита оид ба корҳои ҷавонон, варзиш ва туризми назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев, фаъолияти 77 ширкатҳои туристӣ бо сабаби камбудиҳои ҷиддиашон катъ карда шуд. Баҳри ривоҷи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи иҷозатномаи туристӣ     нисбат ба дигар ҷумҳуриҳо арзонтар — 25  доллар муайян карда шудааст, ҳол он ки чанд сол пеш он 100 доллари амрикоӣ қимат дошт. Арзон кардани иҷозатнома  ба андешаи мутахассисони соҳа боз як қадам ба пеш дар рушди туризм хоҳад шуд.  

Апрель 19, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад