КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ

Апрель 20, 2010 14:07

Ваҳдат, 20 апрел.(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова)- Муовини  мудири маорифи шаҳри Ваҳдат Эркамоҳ Мирзоева ба хабарнигори АМИТ»Ховар» иттилоъ дод,ки дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 47, имрӯз конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ бахшида ба 100-солагии мутафаккири бузург,шоири шинохтаи халқи тоҷик ,дорандаи ордени «Дӯстии халқҳо» Мирзо Турсунзода баргузор мегардад.Дар конференсия мудири шуъбаи филологии рушди маорифи академияи таҳсилоти Тоҷикистон  Абдуллоев,номзади илмҳои филологӣ,муаллифи китобҳои дарсии синфҳои 5-9 Тӯйчӣ Миров ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат Сафаралӣ Камолов иштирок менамоянд.Эркамоҳ Мирзоева илова намуд,ки дар конференсияи мазкур оид ба зиндагиномаи шоир шахсони номбурда суханрони намуда, аз ҷониби хонандагон қироати шеърҳои шоири маҳбуби зиндаёд ба иштирокчиёни коференсия пешниҳод мегардад.Дар охир хонандагон барномаи консертӣ аз ашъори шоир пешкаши иштирокчиён баргузор менамоянд..      

Апрель 20, 2010 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад