Н. РАҲМАТОВ: «ГУМРУКЧИЁН ҶИНОЯТ СОДИР НАКАРДААНД»
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар самти ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ аз тарафи Хадамоти мазкур дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 1377 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ин ҳисоб 14 ҳолати он ҷиноятҳо дар соҳаи гумрук буда, 12 ҳолати дигари он интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 2 ҳолат қочоқи молҳои ниёзи мардум мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 19 апрел, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъмат Раҳматов. Ӯ афзуд, ки дар ин давра дар самти ташкили мубориза бар зидди воридоти ғайриқонунии молҳои зераксизӣ 122 ҳодисаи қонуншиканӣ ошкор карда шудааст. Аз он 17 ҳолатро маводи сўзишворӣ, 34 ҳолатро нўшокиҳои спиртӣ, 5 ҳолатро маҳсулоти тамоку ва 65 ҳолатро дигар намуди молҳои зераксизӣ ташкил медиҳанд. «Дар натиҷаи гузарондани хизматҳои санҷишӣ аз ҷониби Хадамот нисбати 37 корманди мақомоти гумрук муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шудааст. Инчунин аз аввали сол аз ҷониби кормандони Хадамот ягон амали ҷиноӣ дида нашудааст», — тазаккур дод Н.Раҳматов. Мавриди ёдоварист, ки аз рўи маълумоти фаврии омори гумрукӣ гардиши савдои берунӣ дар семоҳаи якуми соли 2010 ба 780,1 млн. доллари амрикоӣ рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 6,6 млн. доллари амрикоӣ кам мебошад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






