РАСУЛЗОДА АЗ ФАЪОЛИЯТИ РАИСИ ШАҲРИ ХУҶАНД НОРОЗӢ, БА Ӯ ЯК МОҲ М~
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназар Абубакр). — Дар паҳлӯи варзишгоҳи тозабунёди ба номи 20-солагии Истиқлолияти шаҳри Хуҷанд маҷмааи ҳавзи шиноварӣ дар ҳудуди 2 гектар, иборат аз 3 ошёна, мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд мегардад. Зимни муаррифии лоиҳаи ин ҳавз иттилоъ дода шуд, ки сохтмони он то фарорасии ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида мешавад. Ин маҷмаа аз ҷониби ширкати сохтмонии «Товэй»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шуда, барои иштирок дар сохтмони он як ширкати дигари чинӣ ва як ширкати куриёӣ низ таваҷҷӯҳ кардаанд. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода баҳри ҳарчи барвақт оғоз намудани корҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд анҷом додани он ба мутасаддиён дастуру супоришҳои махсус дод. Қ. Расулзода зимни боздид аз ҷараёни корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд ба роҳбарият ва масъулини шаҳр иброз дошт, ки корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар шаҳр беҳбудӣ металабанд. Раиси вилоят нисбати фаъолияти роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар самти ободониву кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр изҳори норозигӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳо ва ба тартиб даровардани гирду атрофи кӯчаҳои шаҳр як моҳ мӯҳлат дод.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






