ШАҲРВАНДИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАСТГИР НАШУДААСТ?

Апрель 13, 2010 14:49

Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – «Шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Неъматулло Ботақозиев дастгир нашудааст, бинобар сабаби надоштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташ, на дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, балки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи нигаҳдории муваққатии Раёсати корҳои дохила нигаҳ дошта шудааст», — гуфт прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода 13 апрел, зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе. Ӯ тазаккур дод, ки аз Прокуратураи генералии Қирғизистон ба унвони Прокуратураи генералии Тоҷикистон номаи дархостӣ барои бозпас гардондани Н. Бутақозиев расидааст, ки тибқи он ин шахс дар қаламрави Қирғизистон ҷиноят содир кардааст. Прокуратураи генералии Тоҷикистон айни ҳол  ин номаро маврид омӯзиш қарор дода истодааст. «Агар ҷиноятҳои содиркардаи Н. Бутақозиев характери сиёсӣ надошта бошад ва ҷиноятҳои умумӣ бошад, албатта пас гардонда мешавад. Аммо агар характери сиёсӣ дошта бошад ва ӯ паноҳгоҳи сиёсӣ талаб карданӣ бошад, мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон қарор қабул карда хоҳад шуд», — идома дод Ш. Салимзода. Мавриди ёдоварист, ки қаблан баъзе расонаҳои хабарӣ итилоъ дода буданд, ки Н. Бутақозиев ҷиҳати гирифтани паноҳгоҳи сиёсӣ ба Тоҷикистон омада буд ва гуфта мешуд, ки вай охири моҳи марти соли ҷорӣ аз сӯи кормандони ниҳодҳои интизомӣ боздошт шуда, дар СИЗО –и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Вале ин иттилоотро прокурори генералии Тоҷикистон куллан рад кард.  

Апрель 13, 2010 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад