ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ ХОРИҶӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Апрель 19, 2010 09:40

Душанбе,  19 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Намояндаи  қароргоҳи  минтақавии Бонки тармиму таҷдид  ва  рушди  Аврупо  дар  Истамбул  Атобек  Назиров  рӯзҳои  истироҳати гузашта ба  вилояти  Суғд  рафта, бо  фаъолияти  минтақаи  озоди  иқтисодии  он  шинос  гардид. Меҳмон  инчунин  бо  роҳбарони  ҷамъиятҳои  саҳҳомии  «Дӯсти  Амирхон», «Сирандуд», «Хуҷандсоз» ва «Реал»  мулоқот  кард. Зимни мулоқотҳо  дар  бораи  амалӣ  сохтани  тадбирҳои  аввалиндараҷаи  беҳтар  намудани  фаъолияти  минтақаи  озоди  иқтисодӣ  маълумот  дода,  роҳу  усулҳои  ҷалби  сармоя  ва  иштироки  Бонки  тармиму таҷдид  ва рушди  Аврупо  ба  амалӣ  сохтани барномаҳои  сармоягузорӣ  дар  соҳаҳои  коркарди  маҳсулоти  кишоварзӣ,  истеҳсоли  масолеҳи  сохтмон,  мавриди  истифода  қарор  додани  манбаъҳои   иловагии қувваи барқу   гармӣ ва ташкили   маркази  таъминотию  нақлиётӣ  муҳокима  карда шуданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  инчунин сафири Созмони  амнияту  ҳамкории Аврупо  дар  Тоҷикистон Ивар Вике  низ   рӯзҳои  истироҳати  гузашта  дар   шаҳри  Хуҷанд  бо  маъмурияти  минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд « мулоқотҳо  анҷом  дод. Роҳбарияти  минтақаи  озоди  иқтисодӣ  ба  И.Вике  барои   кӯмакаш  ба  ҷалби   коршиноси  байналмилалии  Минтақаи  озоди  иқтисодии Ҷумҳурии  Белорусия  барои гузаронидани  силсилаи  машқҳо  ва  машғулиятҳо  бо  иштироки   кормандони  минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд»  миннатдорӣ  изҳор  намуданд.

Апрель 19, 2010 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад