ҚАДРДОНИИ КӮМАКИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ РУСИЯ
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — Аз дафтари матбуоти Вазорати мудофиа ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбии полки дар минтақаи Кӯлоббудаи Пойгоҳи низомии 201 – уми Русия дар Тоҷикистон, ки дар бартараф сохтани оқибатҳои фалокати табиӣ дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон саҳм гузошта буданд, бо медалҳои идонаи «15 — солагии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон» ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Медалҳоро муовини аввали вазири мудофиа, сардори ситоди кулли вазорати мудофиа Рамил Нодиров супорид. Тавре хабар дода шуда буд, аскарону афсарони полки дар шаҳри Кӯлоббудаи пойгоҳи низомии 201 – уми Русия шаби 7 май аввалин шуда, ба сокинони шаҳри Кӯлоб дасти ёрӣ дароз намуданд. Ҳамон шаб дар ин ҷо дар натиҷаи боришҳои тӯлонӣ сел омада, бисёр хонаҳоро харобу валангор намуд. Ҳайати қумондонии қисми ҳарбӣ барои расонидани кӯмак ба зарардидагон техникаи вазнини махсус ҷудо кард. Аз рӯи хабарҳои расида, ҳамон шаб, хизматчиёни ҳарбии Русия камаш 60 нафарро аз ҳалокат наҷот доданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






