«ҲОСИЛОТ» БА МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТӢ ОМОДАГӢ ДОРАД

Май 7, 2010 15:55

Муъминобод, 7 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). — Ҷамъияти  варзишии  «Ҳосилот»-и  ноҳияи  Муъминобод  барои  гирифтани  ҷои  ифтихорӣ дар Вилояти  Хатлон  омодагӣ  дида  истодааст.    Роҳбари   ҷамъияти мазкур Мирзо  Табаров  дар  бастагӣ  ба ин  мавзӯъ  гуфт:                «Ҷамъияти  варзишии  «Ҳосилот»  аз  соли  2009  дар  ноҳия  таъсис  ёфта,  то  ин ҷониб дар чанд мусобиқаҳои ноҳияви  ширкат  варзида  ҷайҳои  намоёнро  ишғол  намудааст».  Ба  гуфтаи  ин  манбаъ  мақсад  аз  таҳсис  додани  ин  ҷамъият ҷалб  намудани  ҷавонон ба варзиш  ва  баланд  бардоштани  рӯҳияи  ватандустии   онҳо  мебошад. Мавриди  зикр  аст, ки  ҷамъияти  «Ҳосилот»   навъҳои  гуногуни  бозиҳои  варзиширо дар  ноҳияҳои  Восеъ, Ҳамадони, Фархор,  Данғара,  Шӯрообод,  Ховалинг,   Балҷувон  ва  шаҳри  Кӯлоб   ба  роҳ  монда  тасмим  гирифтааст   чунин  мусобиқаҳоро   дар  вилояти  Хатлон  низ  ба  роҳ  монад. Гуфта   мешавад, ки  ҷамъияти « Ҳосилот » дар  давоми  се  моҳи  соли  ҷори  дар якҷояги  бо  Кумитаи   ҷавонон,  варзиш   ва  саёҳии   ноҳия  дар  мусобиқаи  минтақави  оид  ба  бозии  волейбол  ширкат  варзида   сазовори  ҷои  сеюм  гардидааст, ки   дар  натиҷа  соҳиби  ифтихорнома   ва  саҳмияи  сохтмони  НОБ- и  Роғун  гардид.   

Май 7, 2010 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад