АМОНАТБОНК: РОҲБАРОН АРЗИ ШАҲРВАНДОНРО МЕШУНАВАНД
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 1 майи соли равон аз субҳи барвақт дар саҳни ҳавлӣ ва атрофи бинои марказии «Амонатбонк» як идда мардум гирд омаданд. Пиру барно, муштариёну нафақагирон, амонатгузорону шарикони тиҷоратии Бонки давлатии амонагузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро имрӯз даъват ва эълони роҳбарият оид ба баргузор намудани мулоқот ва шунидани арзу шикоятҳои шаҳрвандон ҷамъ оварда аст. Ба мулоқот шаҳрвандони кишвар аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеъи марказ, ки ба роҳбарияти Бонк оид ба як зумра масоили ба фаъолияти муассисаҳои Амонатбонк вобаста саволу пешниҳодҳо доштанд, ҳозир гаштанд. «Баргузории чорабинии мазкур дар доираи иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон дар паёми навбатӣ ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад», афзуд дар оғози мулоқот Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова. Ҳамчунин ӯ қайд намуд, ки Амонатбонк тасмим дорад, тибқи нақшаи тасдиқшуда, чунин чорабиниҳоро ҳар рӯзи шанбе на танҳо дар Дастгоҳи марказӣ, балки дар минтақа ва навоҳии кишвар низ баргузор намояд. Дар баробари ин дар ин рӯзҳо сарварони муассисаҳо низ барои гузаронидани чунин чорабинӣ дар муассисаҳо ва шунидани арзу шикоят ва пешниҳодҳои аҳолӣ муваззаф гаштаанд. Дар мулоқоти имрӯза шаҳрвандон ба масъала ва камбудиҳои пардохти нафақа, ҷойгиркунии амонатҳо, гирифтани қарзу маблағгузориҳо, масъалаи қоғазҳои қимматноки аз ҷониби бонк ба фурӯш баровардашуда, қабули маблағҳои коммуналӣ ва ғайраро мавриди саволу ҷавоб қарор дода, аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






