ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ ЗАРАРДИДАГОН
Хуҷанд, 14 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дирӯз бо раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони бонкҳо ва соҳибкорону тоҷирони вилоят машварати корӣ гузаронид. Иштирокчиёни машварат пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар маҷлиси ғайринавбатии ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи расонидани кӯмак ба зарардидагони фалокати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб дастгирӣ намуданд. Дар маҷлис қарор дода шуд, ки аз ҳисоби вилояти Суғд дар шаҳри Кӯлоб маҳаллаи истиқоматии «Сомониён» бунёд карда шавад. Дар маҳаллаи мазкур 40 хонаи истиқоматӣ сохта хоҳад шуд. Муовини раиси вилоят Ғафурҷон Ҳакимов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳамаи биноҳоро сохтмончиёни вилояти Суғд месозанд. Биноҳои нав инчунин бо асбобу анҷоми зарурии рӯзгор, аз ҷумла, яхдону телевизор ва мебел таъмин карда хоҳанд шуд, гуфт Ғ.Ҳакимов.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






