КАМШАВИИ ҚАРЗДОРӢ АЗ ПАРДОХТИ МУЗДИ КОР

Май 13, 2010 10:07

Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи умумии қарздорӣ дар соли 2010 ба андозаи 22 млн. 107 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст. Бино ба маълумоти ҳамин манба, камшавии қарздорӣ аз пардохти музди кор қариб дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолоти неъматҳои моддӣ ба қайд гирифта шудааст, ғайр аз соҳаҳои хоҷагии ҷангал ва савдо, ки қарздорӣ аз пардохти музди кор мутаносибан 23,6 фоиз ва 3,1 баробар зиёд шудааст. Дар соҳаҳои истеҳсолоти ғайримоддӣ қарздорӣ аз пардохти музди кор то охири моҳи апрел ба андозаи 1,6 фоиз кам шудааст. Аммо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ қарздорӣ аз пардохти музди кор мутаносибан 1,6 ва 3,8 баробар зиёд шудааст.              

Май 13, 2010 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад