КОНФРОНСИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ҶБВ» БАРГУЗОР ГАРДИД
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Бахшида ба 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар китобхонаи миллии ҶТ ба номи Фирдавсӣ конфронси илмӣ таҳти унвони «Корнамоии ҷовидонаи халқи тоҷик дар муҳорибаҳои Чанги Бузурги Ватанӣ» баргузор гардид. Кофронси мазкурро директори Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А.Фирдавсӣ Шариф Тошев ифтитоҳ бахшида, дар мавзӯи «Корнамоиву қахрамониҳои ҷовидонаи ҷанговарони тоҷик – манбаъи муҳими тарбияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ» маърӯза намуд. Сипас мудири шуъбаи илмӣ-методӣ ва тадқиқоти қитобхона Гулсара Шукурова бо гузориши «Қахрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон» баромад намуд. Ҳамчунин, иштирокчиёни конфронс дар мавзӯҳои тасвири воқеаву ҳодисаҳои айёми ҷанг дар адабиёти тоҷик ва саҳми китобдории тоҷик дар солҳои ҶБВ маъруза карданд. Дар хотима, намоиши китобҳо таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеч чиз фаромӯш нашудааст», муаррифӣ гардид, ки дар он беш аз 300 адабиёт доир ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






