НИЗОМИ РАВОДИД СОДДА КАРДА ШУД

Май 7, 2010 17:26

Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар нишасти саввуми консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 6 май дар Душанбе доир гардид,  масъалаи лағви раводид матраҳ нашуд», гуфт зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе 7 май намояндаи идораи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Қашқовӣ. Мавфсуф афзуд, ки  дар нишасти саввум масъалаи додани раводид ва содда кардани низоми он барои тоҷирон, донишҷӯён ва  ба шаҳрвандон матраҳ шуд ва мавриди тавофуқ қарор гирифт. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба Эрон раванд  ва дар фурӯдгоҳ раводиди Эронро дастрас намоянд. Инчунин, ба тоҷироне, ки то 500 ҳазор доллар дар иқтисодиёт сармоягузорӣ менамоянд раводиди як сола ва аз  500 ҳазор доллар боло раводид ба мӯҳлати се сол дода мешавад. Ба донишҷӯён бошад раводиди як сола дода мешаванд. Алҳол байни ду кишвар барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ низоми раводидӣ барҳам дода шудааст.     Муовини консул оид ба масъалаҳои эрониён ва фаъолияти парлумонии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Қашқовӣ гуфт, ки мушкили хосе дар мавриди лағви раводид байни Тоҷикистону Эрон вуҷуд надорад. Вай афзуд, ки лағви раводид амали мутақобил аст, агар ҷониби Тоҷикистон инро пешниҳод кунад,  онро амалӣ месозем. Ҳасан Қашқовӣ афзуд, ки нишасти саввуми консулӣ дар сатҳи баланд  ва дар фазои дӯстонаю самимӣ бо иштироки ҳайатҳои ҳар ду кишвар ва коршиносон баргузор шуда, дар он масъалаҳои мавриди назари ҳар ду кишвар баррасӣ шуданд ва тавофуқ ҳосил гардид. Ҳасан Қашқовӣ афзуд, ки алҳол Эрон бо Сурия, бо  Ҷумҳурии Мухтори Нахҷувон /Озарбойҷон/ лағви раводиди дуҷониба ва бо Ҷумҳурии Озарбойҷон лағви раводиди якҷониба дошта,   бо Гурҷистон лағви раводиди  дуҷониба тасвиб шудааст ва он вақтҳои наздик амалӣ хоҳад гардид.  

Май 7, 2010 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад