ПОЙГАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДЕСАНТЧИЁН
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — «Иттифоқи десантчиёни Сибир» ба ҳамаи иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ, хизматчиёни ҳарбии Артиши десанти ҳавоӣ, баталёни десантии зарбазан, аскарони пиёданизоми дарёнавард, қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус ва разведкаи ҳамаи навъҳои қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон муроҷиат намуда, онҳоро даъват мекунад, ки дар пойгаи байналмилалии автомобили десантчиён ширкат варзанд. Пойга моҳи июл аз шаҳри Бердски вилояти Новосибирск оғоз меёбад. Пойгаи мазкур ба муносибати 100 – солагии зодрӯзи фармондеҳи барҷастаи Артиши десанти ҳавоӣ, генерали артиш Василий Маргелов, 65 – солагии Ғалаба дар ҶБВ, 80 – солагии Артиши десанти ҳавоӣ ва 60 — солагии ташкили қисмҳои ҳарбии таъиноти махсуси Раёсати умумии разведка, «Иттифоқи десантчиёни Сибир» бо ташаббуси муовини раиси иттифоқи мазкур В.Винникова бо дастгирии ҳайати қумондонии Артиши десанти ҳавоӣ, Иттифоқи байналмилалии десантчиён ва Иттифоқи десантчиёни Русия гузаронида мешавад. Дар пойга тақрибан 10 мошин аскарону афсарон ширкат меварзанд. Онҳо роҳи мошингарди Русия – Қазоқистон — Ӯзбекистон ва Қирғизистонро дар давоми 2,5 ҳафта тай хоҳанд кард. Дар шаҳру ноҳияҳои қад – қади роҳ бо иштирокчиёни ҶБВ, ветеранҳои ҷанг, хизматчиёни ҳарбии Артиши десанти ҳавоӣ мулоқотҳо ташкил намуда, барномаҳои фарҳангӣ амалӣ карда мешаванд. Инчунин барномаи сафар гузаронидани нишастҳои матбуотиро бо намояндагони сафоратхонаҳо, мақомоти маҳаллӣ ва сокинони маҳалҳои аҳолинишин дар бар мегирад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






