ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ БА РОҲБАРИЯТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН СУПОРИШ ДОД
7 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисони вилояти Хатлон ва шаҳри Кўлоб, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор баҳри ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки дар шаҳри Кўлоб рух додаандва дигар минтақаҳои мамлакат супоришҳои мушаххас дод. Хотирасон бояд намуд, ки тибқи ахбори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ боришоти зиёди борон тайи ду шабонарўзи охир ба 12 шаҳру ноҳияҳои мамлакат хисороти зиёд ворид намуд. Аз ҷумла дар шаҳри Кўлоб боронҳои шадиди паёпай боиси хисороти калони моддӣ ва талафоти ҷонӣ шудаанд. Тибқи хабарҳои расида ҳафт нафар ҳалок беш аз чил нафар бе ному нишон гаштаанд. Танҳо дар шаҳри Кўлоб ва атрофи он беш аз 800 хона, даҳҳо пулҳо, садҳо километр роҳҳои мошингард ва ҳазорҳо гектар майдонҳои кишт хароб шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони шахсони фавтида ҳамдардӣ баён намуда, ба роҳбарони мақомоти масъул оид ба расондани кўмакҳои зарурӣ ба мардуми зарардида дастуру ҳидоятҳо дод. Таъкид гардид, ки баҳри рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ тамоми қувваҳои мавҷудаи мададрасону наҷотдиҳанда сафарбар карда шаванд. Ёдовар бояд шуд, ки барои татбиқи босамари ин ҳадаф таҳти сарварии Муовини сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон комиссияи махсуси ҳукуматӣ таъсис дода шудааст. Рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорат ва роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






