ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН МАРДУМИ ОЗАРРО ТАБРИК НАМУД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба унвони президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи шодбош фиристод. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Бо камоли қаноатмандӣ Шумо ва дар симои Шумо мардуми бо мо дӯсти озарро ба муносибати солгарди навбатии ҷашни миллии мамлакататон самимона табрик менамоям. Боварӣ дорам, ки мо бо ҷидду ҷаҳди муштаракамон муносибатҳо ва ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Озарбойҷонро боз ҳам бештар ривоҷ хоҳем дод. Ин ба манфиати куллии халқҳои ҳар ду мамлакат ҷавобгӯ мебошад. Мо низ азми қавӣ дорем, ки барои ин тамоми тадбирҳои заруриро истифода барем. Ба Шумо, Илҳом Ҳайдаровичи мӯҳтарам, саломатии комил, барори кор ва ба халқи Озарбойҷон рӯзгори фараҳмандона ва шукуфоӣ орзу менамоям».








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






