ПРОБЛЕМАҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Май 7, 2010 15:17

Ваҳдат, 7 май. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). — Ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини аввали сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Шокирҷон Холов иттилоъ дод,ки  имрӯз проблемаи асосие,ки садди роҳи пешравии соҳаи тандурустӣ мегардад,ин нарасидани мутахассисони касбӣ,духтурони тибби оилавӣ,духтурони бемориҳои рӯҳӣ,наркологҳо,фтизиатрҳо,онкологҳо,наркологҳо,дар минтақаҳои дурдаст нарасидани акушер-гинекологҳо,ҳамшираҳои шафқат,беҳёру момодояҳомебошад.Умуман 67 нафар духтурон ва 152 нафар ҳамшираҳои шафқат,момодояҳо ва беҳёрон намерасанд. Ӯ афзуд,ки таъмирталаб будани иншоотҳои муассисаҳои тандурустӣ,хусусан биноҳои бунгоҳҳо ва марказҳои саломатии дар деҳот буда,кӯҳнаю фарсуда будани таҷҳизотҳои тиббӣ,нарасидани автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ,ки айни замон ба 274300 нафар аҳолӣ 3 адад автомашина хизмат мерасонад,албатта ин шумораи нақлиёт талаботи имрӯзаи аҳолиро  ба ҷо оварда наметавонад.Дар оянда умед дорем,ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат,инчунин масъулини Вазорати тандурустӣ ин проблемаҳои ҷиддӣ ҳалли худро меёбад.  

Май 7, 2010 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад