ПУЛИ РОҲИ БАЙНИ КӮЛОБ ВА ШУРООБОД ПУРРА ХАРОБ ГАРДИД

Май 7, 2010 11:46

Кӯлоб, 7 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова, Сулаймон Холов). – Шаби 7 майи соли равон дар натиҷаи боронҳои пай дар пай пули роҳи байни Кӯлоб ва Шурообод, ки дар болои сои Тебалай ҷойгир аст ба пуррагӣ вайрон гардид. Дар натиҷа 200 хонаи истиқоматӣ ба пуррагӣ корношоям гардида ва дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаи Чармгарони поён 3 нафар фавтид. Айни ҳол, дар ҷои ҳодиса Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб, раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев чораҳои фаврӣ андешида истодаанд.   Инчунин шаби 7 май дар ноҳияи Муминобод чунин ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфти сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Муминобод Ҷамахон Шарипов, дар натиҷаи боронҳои пай дар пай деҳаҳои Кулчашма, Файзобод, Ҳанатарош, Туту, Сангдара, Балхобӣ зарар дидаанд. Дар натиҷа беш аз 8 хона ба пуррагӣ корношоям гардида ва зиёда аз 20 хона зарар дидаанд. Айни ҳол раиси ноҳияи Муминобод Сафаралӣ Зокиров, муовини раиси  ноҳияи мазкур Тоҳир Амиршоев дар ҷои ҳодиса чораҳои фаврӣ андешида истодаанд. Фавти одамон ба қайд нагирифта шудааст.     

Май 7, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад