ШАРОИТИ ХУБИ САРБОЗОН

Май 4, 2010 15:54

Восеъ,4 май.2010 с.(АМИТ»Ховар», Зебо Давлатова). — Ҳар сол тибқи нақша дар тамоми комиссариатҳои ҳудуди ҷумҳури ҳазорон ҷавонон ба сафҳои қисми низоми даъват карда мешаванд,то ин ки хизмати Ватан-модар-ро ба ҷо биёранд.Дар қатори ҳазорон ҷавонон Сӯҳбатулло Азимов бо ихтиёри худ ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод ворид шуд ва бо роҳхати комиссариати ҳарбӣ уро ба қисми низомии 13483-и ноҳияи Восеъ фиристоданд. Баъди як ҳафта мо хостем аз шароити зисти наваскарон шинос шавем ва роҳи қисми низомии мазкури  ноҳияи Восеъ-ро пеш гирифтем.Зимни сафар ба ин ноҳия ба роҳҳои  пурпечутоби аз нав таъмиргардидаистода,дар шоҳроҳи шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара инчунин гузаргоҳи нақби Шар-шар гузашта  бори дигар ба бунёдкориҳои сардори давлат  нигариста ба ояндаи неки кишвар бовари ҳосил намудем.Дар натиҷаи пурсишҳо ба қисми низомии 13483 ба маркази ноҳияи Восеъ ворид гардидем.Аз тарзи муомилаи кормандони кормандони ин қисми ҳарбӣ маълум гардид,ки дар ин ҷо кор мувофиқи қарору қонунҳои ҳарбӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Зимни сӯҳбат подполковник Ҷиёншоҳ Маҳмадалиев оиди воридшавии наваскарон ба қисми низомии мазкур чунин иброз намуд:-Ман зодаи ноҳияи Восеъ буда баъди хатми мактаби миёнаи рақами 20 ҳуҷҷатҳоямро ба Коллеҷи ҳарбии шаҳри Душанбе супурдам.Давоми солҳои 1993-1997 коллеҷи мазкурро бомувафақият хатм намудам.Дар ҳамин сол бо роҳхати  Вазорати мудофиа маро ба қисми ҳарбии 13483 ба кор равон намуданд.Инак тӯли 13 сол инҷониб дар ҳамин қисми низомии ҳарбӣ фаъолият дорам. Албатта барои  ҳар як наваскар дар аввали хизмат мушкил аст.Пеш аз ҳама ҷавонон нозукиҳои касби афсариро намедонанд.Мувофиқи қоида ҳар як наваскар бояд тарзи тарзи муоширати ҳарбӣ,тарзи роҳгардиро хуб омӯзад.Инчунин давоми 24 рӯз қасами ҳарбиро аз худ намояд.Нисбат ба солҳои пеш дар қисми низомии мо шароит хеле хуб шудааст.Наваскарони қисми низоми ҳар рӯз бо хӯроки севақта, сару либоси низомӣ таъмин мебошанд.Ба онҳо мутахассисони хуби соҳаи ҳарбӣ машқ медиҳанд,то ин ки ҷавонони имрӯза аз ҷиҳати ҷисмонӣ хуб обутоб ёбанд.

Май 4, 2010 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад