ВАЗИР ДАР БАДАХШОН ҚАРОР ДОРАД
Душанбе, 20 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Муддати се рӯз аст, ки Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад. Абдуҷаббор Раҳмонов аз муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Шуғнон ва шаҳри Хоруғ дидан намуда, бо омӯзгорону шогирдони муассисаҳои таълимӣ атрофи мӯҳтавои Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба корҳои ободонӣ ҷиҳати таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия бахусус, омода намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ сӯҳбату мулоқот доир намуд. Вазири маориф ҳамчунин аз сохтмонҳои ҷашнии муассисаҳои таълимӣ боздид намуда, ҷиҳати дар мӯҳлати муайяншуда бо сифати баланд супоридани иншооти ҷашнӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Вазири маориф А. Раҳмонов, ҳамзамон бо Раиси ВМКБ Қодири Қосим ва бо ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Назаршоев вохӯрӣ намуда, вазъи соҳаи маорифро дар ВМКБ баррасӣ кард.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






