ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ СОЛИ ХОНИШИ 2010 – 2011
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон аз 4 факулта, шӯъбаи ғоибона ва 18 кафедра иборат аст, ки 15 – тои он кафедраҳои тахассусӣ буда, аз рӯи 22 ихтисос бакалавр ва мутахассис тайёр мекунад. Дар донишкада 17 нафар доктори илм, 3 нафар аъзо – корреспонденти Академияи фанҳо, 65 нафар номзадҳои илм ва дотсентҳо дар ҳайати 255 нафар профессорон ва кормандони илмӣ — техникӣ ба фаъолияти илмӣ — педагогӣ ҷалб карда шудаанд. Боиси тазаккур аст, ки соли хониши 2009 барои донишкада аз ҷиҳати натиҷаҳои илмӣ соли пурсамар арзёбӣ гардид. Дар ин сол 2 рисолаи докторӣ, 12 рисолаи номзадӣ, 6 монография, 13 китоби дарсӣ, 14 автореферат, 15 дастури методӣ ва 10 барномаи таълимӣ таълиф гардид. Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон бо 14 муассисаи таълимии ватанию хориҷӣ робитаи зичдорад. Донишкада аз рӯи 22 ихтисос қабули хонандагонро дар соли ҷорӣ ба роҳ мемонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






