ҚОНУНШИКАНӢ ДАР ҶАМЪОВАРИИ ШИРАИ КАМОЛ
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои кормандони Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон, дар ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара нисбат ба 25 нафар шаҳрвандони Афғонистон, ки ҳолати будубошро дар ҳудуди ин вилоят вайрон кардаанд, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима андохта шуданд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани амалиёт аз ҷониби хадамоти мазкур 63 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки будубоши онҳо мухолифи қонунгузории Тоҷикистон мебошад, ба қайд гирифта шудааст. Аз қонуншиканҳо 43 нафарашон шаҳрвандони Давлати Исломии Афғонистон буда, ба ҷамъоварии шираи камол машғуланд. Бо вуҷуди он ки ҷамъоварии шираи камол ва интиқоли он ба хориҷи кишвар бе коркард дар ҷумҳурӣ мамнӯъ эълон шудааст, шаҳрвандони Афғонистон дар мавзеи Ҷарбулоқи ноҳияи Данғара бо роҳи қонуншиканӣ ба ҷамъовари ин бойгарии қиматбаҳо машғул гардида, нияти ба хориҷи кишвар баровардани онро карданд. Акнун дастгиршудагон бо ин амали худ дар назди қонун ҷавоб меёгӯянд.