ҲИССАГУЗОРИИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Июнь 9, 2010 09:47

Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ Зиёратшо Пиров телефонӣ ба мухбири  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар доираи омодагиҳо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Дашти Сурхсангов барои зарардидагон аз заминларзаи дар ноҳия рухдода 25 хонаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар шаҳраки навбунёди ноҳияи Ванҷ  созмонҳои байналмилалӣ низ ҳиссагузорӣ кардан мехоҳанд. Аз ҷумла, бо кӯмаки молиявии «Глобал портнёрс»- и амрикоӣ барои зарардидагони офати табиӣ  9 манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешавад. Барои амалӣ шудани корҳо  аз ҷониби ин созмон ба мавзеи сохтмонӣ 32 тонна семент, 21 метри мукааб чӯбу тахта, 2 тонна арматура ворид карда шудааст. Дар ин  мавзеи навбунёд, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ҶТ барои 9 хонаводаи зарардида  20 тонна семент, 800 дона тунука ва 20 дару тиреза кӯмак намудааст.

Июнь 9, 2010 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад