ҶАВОНОНРО МУТТАҲИД МЕКУНАНД
Кӯлоб, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Фархор вохӯрии аъзоёни маҳфилҳои ихтиёриёни ҷавони ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷавонони ноҳияи Фархор дар мавзӯи «Тарғиби тарзи ҳайёти солим дар байни ҷавонон» баргузор гардид. Дар рафти чорабинии мазкур иштирокчиён оид ба кору фаъолияти ихтиёриёни ҷавони ноҳияҳои худ дар пешбурди тарзи ҳайёти солим маълумот доданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки имрӯзҳо кори гурӯҳҳои ихтиёрӣ хеле хуб сурат гирифта, барои дар оянда боз ҳам васеъ намудани доираҳои фаъолияти онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар вохӯрӣ паҳлӯҳои гуногуни кори гурӯҳҳои ихтиёрӣ матраҳ гардида, ҷавонон ба якдигар аз таҷрибаҳои кории худ мисолҳо оварданд. Доир ба фаъолияти кории гурӯҳҳои ихтиёрии ноҳияи Фархор бошад, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия сухан ронда, зикр кард, ки кормандони бахши мазкур дар муассисаҳои таълимӣ ҳамчунин дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиро дуруст ба роҳ монда, бо ҷавонон мунтазам мулоқотҳо мегузаронанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






