ҶОВИДОН БОД ИТТИҲОДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК!

Июнь 18, 2010 13:52

Душанбе, 18 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-27-уми июн мардуми шарифи Тоҷикистон 13-умин солгарди ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷиконро дар фазои ҳамбастагию ҳамдигарфаҳмӣ, ташаккули бемайлони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ истиқбол мегиранд. Агар чархи таърихро давр занонем, мебинем, ки мардуми тамаддунофари тоҷик дар масири таърих борҳо дучори беадолатию беназмиҳо дар сарзамини таърихии худ аз сӯи аҷнабиён гардиданд.   13 сол муқаддам, аниқтараш 27-уми июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст, ки он тақдири минбаъдаи миллати тоҷикро равшан сохт. Дар ин рӯзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият табдил ёфт, яъне дар шаҳри Маскав Созишномаи умумӣ истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади муҳими барои мардуми тоҷик сарнавиштсоз ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар хотима гузошт. Воқеъан ин санаи таърихӣ ба рӯйдоди бузурги сарнавиштсози миллати тоҷик табдил гардида, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар ҷомеаи Тоҷикистон таъмин намуда,  асоси  воқеъии ташаккул ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократиро дар Тоҷикистон фароҳам овард. Ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоият миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки онро мардуми тоҷик дер боз интизор буданд, яъсу ноумедиро аз байн бурда, дар қалби мардум шӯълаи умед ба фардои дурахшонро мунаввар  намуд. Маҳз бо шарофати ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  дар Тоҷикистон, қувваҳои гуногуни сиёсӣ бо ҳам омаданд. Пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти миллии тоҷикон таҳким ёфта, халқамон бо имони комил ва иродаи матин таҳти сарварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди  давлати навин оғоз кард. Воқеъан ба имзо расонидани ин санади таърихӣ аз хиради баланди мардуми тоҷик дарак дода,  он хавфи пароканда шудани миллатамонро аз байн бурд. Зеро доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ ва баъзе қувваю гурӯҳҳои дохилӣ манфиатдори идома ёфтани ҷанг, аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллати тоҷик буданд. Онҳо ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ равған мерехтанд ва намегузоштанд, ки халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибдавлат ва комил дар ҳудуди ҷуғрофии худ обрӯманд гардад. Гузашта аз ин, нақшаи тақсими Тоҷикистонро мекашиданд ва ҳатто дар назди созмонҳои байналмилалӣ масъалагузорӣ мекарданд. Дар ин асно хуршеди нурбор аз зери абрҳои тира тулӯъ карда, бо нурҳои оташинаш он ҳама ниятҳои нопоки хоинони миллати тоҷикро сӯзонд. Яъне офтоби сулҳ дар сарзамини тоҷикон тулӯъ карда, дасту дили марудми азияткашидаро ба фардои дурахшон гарм сохт. Ва муҳимтар аз ҳама, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шароити мусоид ва кафолати воқеӣ дар кишвар  ба вуҷуд омад, ки қариб як миллион нафар шаҳрвандони кишвар, ки бо амри тақдир ҳамчун гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ аз сарзамини аҷдодии худ фирор карда буданд,  ба Ватан баргаштанд ва паи зиндагии орому осоиштаи худ гаштанд. Алҳол,  мардуми тоҷик ба фардои рӯзгори худ ва ояндаи Ватан дилпурона ва бо эътимоди қавӣ нигоҳ мекунанд. Зеро боз ҳам аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар имконият фароҳам омад, ки ба сохтмони як силсила иншооти азим оғоз бахшем. Ҳар кадом аз ин иншооте, ки бунёди онҳо шурӯъ шудааст, қадамҳои устувори миллати тоҷик ба хотири таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ  аз бунбасти коммуникатсионӣ,  оушди иқтисодиёти миллӣ ва мушарраф гардидани мардум ба зиндагии хубу шарафмандона мебошад. Инчунин, санади  сулҳи тоҷикон боиси дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани обрӯю эътибори  Тоҷикистон нуфузу мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат кард. Зеро имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҳалли мушкилоти минтақаҳои доғи саёра, ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳофаринии тоҷикон  мавриди истифода қарор мегирад. Башарият имрӯз иқдомоти наҷиби давлати Тоҷикистонро роҷеъ ба ҳалли проблемаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон бо гармӣ истиқбол ва пуштибонӣ мекунад. Хусусан,  дар масъалаи об, ки нарасидани он дар шароити имрӯза,  ба яке аз проблемаҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Дар ин масъала иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эълон намудани соли 2003 — Соли оби тоза, эълон кардани солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва дар радифи онҳо баргузории Форуму конфронсҳои байналмилалӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар Душанбе шаҳодати гуфтаҳост. Бояд як нуктаро зикр кард, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон баъди бисту як вохӯриву музокирот, ки қариб дар муддати  чор сол  дар  шаҳрҳои  Маскаву Кобул, Теҳрону Алмаато, Бишкеку Ашқобод  гузаронида шуданд, оқибат даври ниҳоиии он, ки дар шаҳри  Маскав доир карда шуд, ба санади тақдирсози миллати тоҷик Созишномиа умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон имзо гузошта шуд. Доир ба аҳамият ва нақши муҳими Созишномаи умумии истиқрори сулҳи тоҷикон, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи нодир арзёбӣ мегардад, муҳаққиқону муфассирон андешаҳои зиёде гуфтаанд, роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ онро тавсиф кардаанд. Аз ин рӯ, сулҳу салоҳ  барои мардуми мо  баробари истиқлолияти давлатӣ  муқаддас ва бебаҳост. Ва бояд  онро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, шукронаи он ва айёмро намоем. Зеро бо имзои  Созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд. Тоҷикон ба оламиён собит сохтанд, ки онҳо  миллати мутамаддин ва дорои хиради азалӣ ҳастанд. Дар раванди татбиқи тадбирҳои пешбиникардаи Созишномаи сулҳ яқин гашт, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани ормонҳои сулҳу субот ҳамаи нерӯҳои ватандӯсту ватанпарвар, ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба ҳам муттаҳид карда шаванд. Ва дар ин замина зарурате пеш омад, ки дар баробари Шӯрои ҷамъиятӣ як ташкилоти умумихалқӣ, ки доираи ҳарчи васеътари мардумро фаро гирад, таъсис дода шавад. Ин кор дар шакли Ҳаракати умумихалқии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон анҷом дода шуд. Ҳадафи асосии таъсиси чунин ташкилот ин аст, ки ғояи ваҳдат ва ягонагии миллат дар шуури тамоми қишрҳои ҷомеа нуфуз пайдо кунад ва ба ин васила барои сарҷамъии мардуми кишвар заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шавад. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки Шӯрои ҷамъиятӣ  ва ҳам Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳу ваҳдати миллӣ нақши арзанда бозиданд.  Имрӯз, шиори зиндагии  мардуми тоҷик сулҳдӯстию ҳамбастагӣ ва бастани камари ҳиммат баҳри созандагию ободонии фардои кишвар аст. Ин аст, ки Ҷашни ваҳдати миллӣ ҳамасола дар яке аз минатақаҳои кишвар дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои  бузурги иқтисодӣ сазовор истиқбол карда мешавад. Соли равон мардуми тоҷик ин санаи фархундаю сарнавиштсозро дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон –шаҳри Хоруғ ҷашн мегиранд.

Июнь 18, 2010 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст