АҲМАДИНАЖОД БА ТОШКАНД НАМЕРАВАД
Душанбе, 9 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-10 июн Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, баъда аз анҷоми сафари кории худ ба Душанбе ба Шанхай /Ҷумҳурии Мардумии Чин/ сафар намуда, дар намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2010 иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ иттилоъ дод. Мавсуф гуфт, ки Президенти Эрон зимни сафари кории худ ба Душанбе дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнаммудати Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» 2005-2015 иштирок ва суханронӣ кард. Инчунин, Маҳмуд Аҳмадинажод бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот намуда, масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, энергетикӣ, коммуникатсия, ҷалби сармоя ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ карданд. Интизор меравад, ки шоми имрӯз Маҳмуд Аҳмадинажод дар Душанбе бо зиёиёни тоҷик дидору мулоқот менамояд. Бояд зикр кард, ки сафари кории Президенти Эрон ба Тоҷикистон дуюмин сафар дар соли равон аст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






