А. АШӮР БО МУКОФОТИ БАЙНИДАВЛАТӢ САРФАРОЗ ГАРДИД
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тавре иттилоъ дода будем, аз 6 то 11 июни соли 2010 дар шаҳри Суздали Федератсияи Россия ҷаласаи 31-уми навбатии Шўрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шўрои мазкур масъалаҳо оид ба баррасии якҷояи парвандаҳо доир ба вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, назорат дар соҳаи ҷойгиркунии фармоишоти давлатӣ, рушди муносибатҳои дутарафа, мустаҳкамкунии ҳамкории зич вобаста ба такмили қонунгузории зиддиинҳисорӣ, бо назардошти хусусиятҳои иқтисоди миллии давлатҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Хусусияти фарқкунандаи ҷаласаи мазкур дар он аст, ки дар рафти кори он давлатҳои Австрия, Руминия, Маҷористон, Булғористон ва дигар давлатҳо ба сифати нозир иштирок намуданд, ки намояндагони ҳайати Тоҷикистон бо онҳо як қатор вохўриҳои судманд гузарониданд. Дар рафти гуфтушуниди корӣ тарафҳо ҷиҳати давом додани ҳамкориҳои дутарафа оид ба такмили қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва расонидани кўмаки техникӣ ҳавасмандии дуҷониба изҳор намуданд. Лаҳзаи хотирмон дар кори ҷаласаи Шўро ин вобаста ба баҳодиҳии баланд ба фаъолияти кори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ буд. Дар чорабиниҳо ба муносибати 20-солагии ташкилёбии мақомоти зиддиинҳисории Федератсияи Россия, дар ҳузури меҳмонони хориҷӣ ба Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Ашӯр мукофоти баланд — нишони фахрӣ «Барои хизмати шоён»-и Шўрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил супорида шуд. Мукофоти мазкур барои хизматҳои шоиста дар самти пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ ва рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, сарфароз гардонида шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






