АДРАСМОН АЗ БОРОН ЗАРАР ДИД
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 21 июни соли равон дар шаҳраки Адрасмони вилояти Суғд бар асари боронҳои пуршиддат як қатор иншоотҳои хоҷагии халқ зарар дид. Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ зиёда аз 3 км роҳҳо, зиёда аз 10 хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ва як мактаб қисман вайрон гашта, 5 адад кӯпрук ва 30 адад симчӯб нобуд гаштааст. Айни замон дар ҷои ҳодиса хадамоти дахлдори мудофиаи граждании шаҳри мазкур барои бартарафсозии ҳолати фавқулоддаи рухдода фаъолият доранд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






