АМРИКО 250 ҲАЗОР ДОЛЛАРИ АМРИКОӢ КӮМАК МЕРАСОНАД

Июнь 3, 2010 10:21

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мақсади пешгирии паҳншавии минбаъдаи бемори фалаҷ ба маблағи   250  ҳазор доллари амрикоӣ кӯмак мерасонад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз сафаорти Амрико дар Тоҷикистон хабар доданд, ки ба муносибати Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон иҷрокунандаи вазифаи Сафири ИМА Ниша Квост ба боғчаи кӯдаконаи «Лола»-и ноҳияи Ҳисор ва ба муассисаи тиббии ҷамоати Навобод сафар намуд. Бо мақсади пешгирии паҳншавии минбаъдаи ин беморӣ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ЮНИСЕФ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ маъракаи умумии миллии эмкунӣ бар зиди ин вирусро эълон намудааст. Ҳукумати ИМА, ЮНИСЕФ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Раёсати Британияи Кабир доир ба рушди байналмиллалӣ ба кӯшишҳои мубориза бар зиддӣ ин беморӣ саҳми худро гузошта истодаанд.    «Тавассути ҳамкориамон дар ин маъракаи муҳим мо метавонем таъмин намоем, ки ҳар як кӯдак эм карда шуда ҳамин тариқ аз ин вирус эмин дошта шавад», иброз дошт Ниша Квост. Дар чорабинии мазкур намояндагони Ҳокимияти маҳаллӣ, Вазорати тандурустӣ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) иштирок намуданд. 5 маи соли 2010 USAID ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои гузаронидани маъракаи эмкунии тағирӣ  ба миқдори 100 ҳазор доллари амрикоӣ грант пешниҳод намуд. USAID бо маблағҳои худ 1095 гурӯҳҳои сайёри эмгузаронӣ ва 23 нозири клиникии Вазорати тандурустиро барои анҷом додани даври дуюми ин маъракаи миллиро дастгирӣ мекунад ва ҷисман даври сеюми онро низ маблағгузорӣ менамояд.  USAID инчунин ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 148 ҳазору 472 доллари иловагиро барои дастгирии минбаъдаи ин кӯшишхо дар Тоҷикистон ҷудо намуд. Ба ғайр аз маблағгузории гурҳҳои эмгузаронӣ, Ҳукумати ИМА инчунин дар 8 ноҳияи кишвар аҳолиро барои ташвшу тарғиби зарурати эмкунии кӯдакон сарфарбар мекунад. Ҳамагӣ  300 ихтиёриён ба ин маърака саҳми худро мегузоранд. Гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Ҳисор ихтиёриён ба хонаводаҳо ташриф оварда оиди ин беморӣ маълумот паҳн мекунанд ва ҳамзамон ба муассисаҳои тиббӣ ҷиҳати  назорати рафти маъракаи эмкунӣ кӯмак мерасонанд. Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи барномаи USAID ва ҳайати шафқат оид ба саломатии модару кӯдак ташкил шуда, мақсади он аз назорати корҳои вобаста ба эмкунӣ, фарогирии беҳтари кӯдакон бо эм ва пешгирии паҳншавии минбаъдаи ин беморӣ миёни кӯдакон иборат аст.  Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ то имрӯз дар Тоҷикистон 544 ҳодисаи фалаҷи шадиди суст ба қайд гирифта шудааст, ки 139 ҳолати он дар лаборатория ҳамчун бемории фалаҷ тасдиқ шудаанд.        

Июнь 3, 2010 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд