БЕКОРОНИ ЁВОНРО БО КОР ТАЪМИН МЕКУНАНД
Қўрғонтеппа, 1 июн. ( АМИТ «Ховар»Беков Юсуфбек) — Дар давоми чор моҳи соли равон 807 нафар бекорон ба бахши шуғли аҳолии ноҳияи Ёвон ҷиҳати пайдо намудани кор муроҷиат намудаанд. Масъули сарраёсатии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии ноҳияи Ёвон Хайриддин Баротов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ноҳия ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ мунтазам баргузор шуда, то имрӯз 1060 чойҳои кори холӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун пешниҳод шудааст. Дар ин муддат 226 нафар соҳиби ҷойҳои кори доимӣ шуданд. Дар ноҳияи Ёвон барои бекорон омӯхтани курсҳои компютерӣ аз тарафи шӯъбаи шуғли аҳолии ноҳия ташкил шудааст, ки ба бекорон тарзи кор бо компютерро меомӯзонад то дар фаъолияти минбаъда танқисӣ накашанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






