БОЗДИДИ САРВАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН АЗ ТВЕА
18 июни соли 2010 баъди анҷоми форуми тоҷирону соҳибкорон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз корхонаҳои саноатии ширкати ТВЕА- и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар наздикии шаҳри Урумчӣ қарор дорад, ташриф оварда, бо кори он аз наздик шинос шуд ва бо ро ҳбарияти ширкат масоили таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуд. Зимни шиносоӣ бо кори корхона маълум шуд, ки он асосан трансформатор, аккумулятор ва таҷҳизоти тақсимкунандаи нерўи барқ истеҳсол мекунад. Дар ҳамин корхона ҳамчунин қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймо ва мошинолоти гуногун бо технологияи олии муосир тавлид меёбанд. Зимни баррасии масоили вобаста ба ҳамкории минбаъда ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки корҳо барои насби трансформаторҳои иловагӣ дар зеристгоҳи Хуҷанд – 500 оѓоз карда шаванд. Тибқи тавофуқ, ин лоиҳа бо харҷи 20,3 миллион доллари амрикоӣ дар давоми соли равон бояд татбиқ гардад. Ба иттилои Раиси Шўрои директорони ширкати ТВЕА Чжан Син, кашидани хатти 220 киловолтаи Хуҷанд – Айнӣ дар зарфи якуним сол ва бунёди Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе то моҳи сентябри соли 2011, яъне то 20 солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба анҷом мерасад. Ду ҷониб ба қарор омаданд, ки баҳри густариши бештари ҳамкорӣ намояндагии доимии ширкати ТВЕА дар шаҳри Душанбе кушода шавад. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба иштироки ин ширкат дар татбиқ дигар лоиҳаҳои ояндадори соҳаи энергетикаи Тоҷикистон гуфтугў сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳамин боздид ҳамчунин аз корхонаи дигари ин ширкат, ки батаряҳои офтобӣ барои истеҳсоли нерўи барқ истеҳсол мекунад, дидан кард. Дар ин корхона Раиси Шўрои директорони ширкати ТВЕА Чжан Син ба Тоҷикистон як батаряи офтобӣ тўҳфа намуд, ки иқтидораш 130 киловат/соат нерўи барқ аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос изҳор дошт, ки ин нерўгоҳи хурди офтобӣ дар ноҳияи Мурѓоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон насб карда хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.