ЧАРО САДАМАҲОИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ХАТЛОН МЕАФЗОЯНД?

Июнь 10, 2010 15:32

Қўрғонтеппа, 10-уми июн. (АМИТ «Ховар» Беков Юсуфбек).-Дар давоми 5 моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 141 адад садамаҳои наклиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи онҳо 14нафар ҳалок гардида, 157 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд, ки ин нишондод нибат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 адад зиёд мебошад. Роҳбари шўъбаи гурӯҳи ташвиқотию тарғибоии БДА-и вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов ба мухбири АМИТ «Ховар» сабабҳои зиёд шудани ҳодисаҳои нохуши нақлиётиро шарҳ дода, гуфт, ки аслан садамаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди вилоят аз беэҳтиётии ронандагон ва риоя накардани қоидаҳои роҳ, инчунин суръати баланди ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо аст. Ё. Давлатов қайд намуд, ки кормандони Бозрасии Давлатии Автомабилии вилояти Хатлон нақша тартиб дода, ҳар ҳафта 2-3 маротиба ба хонандагони мактабҳои миёнаи махсус қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро меомўзонанд.

Июнь 10, 2010 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад