ДАР НАЗДИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ ТАШКИЛ ЁФТ
Маскав, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 13 июн дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав маҷлиси муассисони Шӯрои ҷамъиятии назди сафоратхона баргузор гардид. Дар он намояндагони зиёиёни тоҷик дар Русия, роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои миллии тоҷикон ва дипломатҳои тоҷик иштирок намуданд. Дар маҷлис Оинномаи Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат муҳокима карда шуд. Дар муҳокимаи он адиби машҳур, профессор Шавкат Ниёзӣ, доктори илми иқтисод, профессор Нуралӣ Қурбонов, директори генералии Созмони ҷамъиятии Тоҷикистониёни сокини вилояти Воронеж, устоди хизматнишондодаи варзиш Олег Сахниев, корманди пешбари илмии Академияи илмҳои тиббии Русия, доктори илми тиб Нисо Одинаева, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони сокини вилояти Твер Муқим Майбалиев ва дигарон ширкат варзиданд. Дар маҷлис ба 50 нафар шаҳодатномаи аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди сафоратхонаи Тоҷикистон супорида шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






