ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ИЛМИИ ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳолати кунунии робитаҳои байни Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ имрӯз, 2 июн зимни мулоқоти Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Мамадшо Илолов ва сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Омар Сингх баррасӣ гардид. Ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳи ҳамкориҳои илмӣ изҳор намуда, тасмим гирифтанд, ки 29-уми июли соли 2010 дар шаҳри Душанбе Конфиренсияи илмии муштарак дар мавзўи «Динамикаи геополитикӣ дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон» гузаронида шавад. Масъулони баргузории ин чорабинии илмӣ Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон, Раёсати АИ ҶТ ва Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ таъйин гардида, омодагиҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани он аллакай оғоз гардиданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






