ХАБАРИ БАРДУРӮҒИ А.ДУБНОВ

Июнь 22, 2010 14:06

Душанбе,  22 июн. (АМИТ «Ховар»). —  Дар  шумораи  № 102  ҳафтаномаи «Время  новостей»  аз  16  июни  соли  2010  дар  мақолаи  «Қувваи бегона»,  ки   муаллифи  он  А.Дубнов  мебошад,  сухан  дар  бораи   бетартибиҳо  дар  шаҳри  Ӯши   Ҷумҳурии  Қирғизистон  меравад.  Муаллиф  дар  бораи   яке  аз  онҳое, ки  дар  ҳайати  гурӯҳҳои  ғоратгарон  ба  ин  шаҳр  омадааст,  сухан  ронда,  даъво  мекунад, ки  ӯ  ва  ҳамроҳонаш  дар  Маскав   интихоб  карда,   бо «шаҳодатномаҳои қалбакии бозгашт»  ба  Тоҷикистон  рафтаанд. Онҳо  «шаҳоданомаи бозгашт» — ро  аз   сафоратхонаи  Тоҷикистон  гирифтаанд. «Ин  одамон  ному  фамилиашонро  тағйир  дода,  дар шаҳодатномаҳо   суратҳои  аслии  худро   часпонда,  ба  Тоҷикистон  баргаштаанд», — гуфта  мешавад  дар  мақола. Сафоратхонаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  даъвоҳои   сохтаю  бофтаи  ҷаноби  А.Дубновро  қатъан рад  менамояд, ки  ба  фаъолияти  сафоратхона  дахл  доранд.  Ҳуҷҷатҳо  барои тайёр  кардани  «ба  истилоҳ  шаҳодатномаҳои бозгашт»  дар  шӯъбаи   консулхонаи  сафорат  ба расмият  дароварда,   танҳо  ба шаҳрвандони  Тоҷикистон  дода  мешаванд, ки  шахсан   ба шӯъбаи  консулхона  муроҷиат  кардаанд. Ҳамчунин  хабар  медиҳем, ки   шаҳодатномаи бозгашт  ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи  шахсияти   шаҳрванди  Тоҷикистон,  инчунин   бланкаи № 1  дода  мешавад, ки  аз  мақомоти  салоҳиятдори  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дархост  намуда ва  гирифта  мешавад.  Ҳуҷҷатҳо дар  шӯъбаи  консулхонаи  сафорат  ба  шахсони  бегона  дода  намешавад.  Таъкид  кардан  зарур  аст, ки  мувофиқи   меъёрҳои байналмилалӣ,  касе, ки   шаҳодатномаи бозгашт  гирифта  бошад,  ҳуқуқ  дорад,  танҳо  ба  қаламрави  мамлакати  худ  сафар  кунад.  Ҳуҷҷати  мазкур   барои  сафар  аз  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба давлатҳои  дигар   асос  шуда  наметавонад. Мо  изҳор  менамоем, ки  даъвоҳои  А.Дубнов  дар  бораи  «шаҳодатномаҳои  қалбакии  бозгашт»,  ки  гӯё  аз сафоратхонаи  Тоҷикистон   гирифта шуда бошанд,  дурӯғи  маҳз  ва  бӯҳтон  мебошанд.  Дар сафоратхонаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  бораи  ҳамаи   шаҳрвандоне, ки   роҷеъ ба  ҳамаи  масъалаҳо  ба  шӯъбаи  консулхона  муроҷиат  кардаанд,  маълумоти  зарурӣ  маҳфуз  аст.  Дар  робита  аз ҷаноби  Дубнов, ки   аз ҷумлаи «дӯстони  наздики» роҳбарияти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  шумор  меравад,  хоҳиш  карда  мешавад, ки   ному  фамилияи   шахсони бо  чунин  «шаҳодатномаҳо»  аз  Русия  ба  Тоҷикистон рафтаро  маълум  намояд. Ба  ақидаи  мо,  одамоне, ки  ба  қавли  муаллиф, «аз  соли 1997 дар  Маскав  зиндагӣ  карда,  ба  Тоҷикистон  рафта  наметавонанд»,  ба  ивази  маблағи  дар  мақола  нишондодашуда  розӣ  намешаванд, ки  дар  бетартибиҳои  ҷануби  Қирғизистон  иштирок  намоянд. Зеро  онҳо,  мисли  одамоне, ки  аз  тарафи  мақомоти  дахлдор   таъқиб   карда  мешаванд,  ба  осонӣ  розӣ  шуда  наметавонанд, ки   ба  Тоҷикистон  рафта,   аз  он ҷо  ба  воситаи «ҳуҷҷатҳои додаи  сафоратхонаи  Тоҷикистон»  ба  Қирғизистон  гузаранд. Мо  ин  ҷо  суханони  муовини раиси  Хадамоти  давлатии  амнияти  миллии  Қирғизистон  К.Бойболовро  мисол меорем, ки   А.Дубнов ба он  истинод  кардааст:  «Намедонам, ки  журналистони  Русия  ин  хабарро  аз  куҷо  гирифтаанд. Ман  шахсан бо  онҳо  сӯҳбат  накардаам  ва  дар бораи  иштироки  тоҷикон  дар  бетартибиҳои оммавии  қисмати  ҷанубии  мамлакатамон  чизе нагуфтаам.  Агар  мо дар  ин  бора  ягон  маълумот  медоштем,  онро  ҳатман   хабар  медодем», — гуфт К.Бойболов.

Июнь 22, 2010 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст