ХОНА- ИНТЕРНАТ БАРОИ 230 НАФАР

Июнь 21, 2010 09:40

Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-   Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайёрӣ ба тирамоҳу зимистони соли 2010 – 2011 дар «Хона – интернати шаҳри Турсунзода»  оғоз гардидааст. Муассисаи давлатии «Хона – интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» барои 230 нафар ашхоси барҷомонда ва маъюбу пиронсолон сохта шудааст. Боис ба ёдоварист, ки «Хона – интернати пиронсолон ва  маъюбони шаҳри Турсунзода» ҳанӯз соли 1972 барои 180 нафар сохта шуда буд. Муассиса барои   4 шӯъбаи умумӣ ва як шӯъбаи барҷомондагон пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар ин муассиса 206 нафар ашхоси ба нигоҳубин ниёзманд фаро гирифта шудаанд. Бино ба гуфти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, дар муассисаи мазкур тамоми шароитҳои моддӣ ва маишии пиронсолон ва маъюбон фароҳам оварда шудааст. Барои табобат ва беҳдоти саломатии ҳар як сокини хона – интернат аз таҷҳизоти техникаи тиббии замонавӣ истифода карда  мешавад ва дар хизмати шабонарӯзии сокинони ин хона – интернат 26 нафар кормандони тиббӣ ва санитарӣ- техникӣ фаъолият доранд.           

Июнь 21, 2010 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд