КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ҚИРҒИЗИСТОН
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова ). — Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 июн аз вилояти Суғд ба вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон кӯмаки башардӯстона фиристода шуд. Аз сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ба Қирғизистон бо 18 мошини боркаши Камаз 180 тонна кӯмаки башардӯстона, аз ҷумла, орд, равған, картошка, биринҷ, маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ фиристода шуд. Нисфи кӯмаки башардӯстона ба вилояти Ҷалолобод бурда мешавад. Имрӯз, 17 июн аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба аҳолии бар асари бетартибиҳо зарардидаи минтақаҳои ҷанубии Қирғизистон 10 тонна орд фиристода мешавад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






