КӮМАКИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР БА КУМИТАИ АНДОЗ

Июнь 8, 2010 17:04

Душанбе, 8 июн.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти кумита  бо коршиносони Хазинаи байналмиллалии асъор таҳти роҳбарии Эндрю Мастерс баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, ҳадафи асосии гузаронидани вохӯрӣ ин кӯмаки техникии Хазинаи байналмилалии асъор оид ба маъмурикунии андоз, сифати фаъолияти хадамоти андоз ва модернизатсиякунонии ҷамъоварии андозҳо мебошад. Дар вохӯрӣ масъалаҳои дар боло зикршуда мавриди муҳокима қарор гирифта, фикру мулоҳизаҳои судманд пешниҳод гардиданд. Ҳайати коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор аз 4-ум то 16 июни соли ҷорӣ дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият хоҳанд бурд.

Июнь 8, 2010 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд