КИШТИ КАРТОШКА НОТАМОМ МЕМОНАД
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттило доданд, ки тибқи нақшаи пешбинишуда, соли ҷорӣ дар ноҳияҳои картошкапарвари ҷумҳурӣ дар масоҳати 13 ҳазору 101 гектар кишти картошкаи баҳорӣ гузаронида мешавад. То 7 – уми июн дар тамоми ноҳияҳои картошкапарвари ҷумҳурӣ дар масоҳати 8 ҳазору 712 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки 65 фоизи дурнамои кишти картошкаро ташкил медиҳад. Картошкапарварон хуб медонанд, ки бо гузаштани мавсими кишти баҳорӣ, ки он то 15- 20 – уми моҳи май давом мекунад ва ин мӯҳлати кишт низ на барои ҳамаи ноҳияҳои картошкапарвар мувофиқ аст, давом додани кишти баҳории картошка ғайр аз додани ҳисоботи беманфиат барои роҳбарони хоҷагиҳои картошкапарвар чизи дигаре беш нест.-мегӯяд Эсанбой Сарсенов, ки беш аз 40 сол дар хоҷагии «Намуна»- и ноҳияи Ҷиргатол агроном шуда кор мекунад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






