КОҲИШИ ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ – майи соли 2010 корхонаҳои вазорат ба мблағи 858,1 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 31,4 фоиз зиёд аст. Дар ин муддат дар корхонаҳои коркарди пахта ба маблағи 134,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3 фоиз камтар аст. Кам шудани истеҳсолот ба буҷаи ҷумҳурӣ бетаъсир намонда бошад ҳам, аммо истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳое, ки дар ҳайати вазорату идораҳои ҷумҳурӣ нестанд ба маблағи 1млрд. 242,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, камбуди буҷа пурра карда шудааст. Боиси тазаккур аст, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ бо вуҷуди таъмини пурраи неъруи барқ истеҳсоли маҳсулоти корхонаи Алюминии тоҷик нисбатан коҳиш ёфтааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






